Варзишгарони арҷманди гулистонӣ!
Ҳамасола 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиши шаҳр табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои калони варзиширо таманно дорам.
Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».
Роиҷ ба зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.






Бегоҳирӯзии 05.08.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Презиленти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боги ба номи "Низомиддин Алишер Навоӣ"-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангиву адабии санъаткорони шаҳри Гулистон пешкаши сокинони пойтахт карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз номи сокинони шаҳр ба аҳли хонавода ва пайвандони фавтидагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб ки 6-уми августи соли ҷорӣ дар роҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб рӯй дода, талафоти моливу ҷониро ба миён овард, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба аҳли пайвандони ҳалокшудагон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил ва ба маҷруҳшудагони ин садамаи фоҷиабор шифои комилу оҷил хоҳон аст.
Санаи 05.08.2023 дар Боғи ба номи «Низомиддин Алишери Навоӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинони пойтахт ба қаноатмандӣ ва хушҳолӣ пазируфта шуд.
Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе ва ҳаводорони санъату ҳунари волои тоҷик мерасонем, ки санаи 05 августи соли 2023, соати 08:00 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи "Низомиддин Алишер Навоӣ"-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон ва бегоҳирӯзӣ соати 18:00 барномаҳои фарҳангиву адабии санъаткорони шаҳр доир мегардад!













