Имрӯз, 17.08.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина ва инчунин муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Нахуст аз намоиши дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳр дидан карда шуд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори машварат оғоз гардид. Дар машварат масъалаҳои ҳолати омодабошии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба оғози соли таҳсили 2023-2024, натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр дар соли хониши 2022-2023 ва вазифаҳо барои соли хониши 2023-2024 баррасӣ гардиданд. Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки ҳамасола қабл аз оғози соли нави хониш ҷишати натиҷагирӣ аз дастоварду муваффақиятҳо ва бурду бохти соҳаи маориф машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад.







Таҳти ин унвон имрӯз, 12.08.2023 дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Имрӯз, 11.08.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии тантанвӣ баргузор гардид.
Тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, № АП-318 тасдиқ гардидааст 10 август дар тарабхонаи"Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони " Зеби дастархон" доир гардид.













