Ба маълумоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон расонида мешавад, ки тибқи қарори дахлдор, санаи 21 июли соли 2023 соати 9:00 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор мегардад.
1. Дар баррасии иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд.
- дар бораи амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳри Гулистон.
- ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалањои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.
- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Лоиқ Шералӣ” №34, Набиева Муҳаррам Сироҷиддиновна, оид ба ваколатҳои вакилӣ.
- дар таҳрири нав тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр






Санаи 12.07.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо сарбозони қисми низомии 07746-и Маркази таълимии гарнизони Суғд вохӯрӣ доир намуданд.
Санаи 12.07.2023 ҳайати корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо роҳбарии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадори хизмати давлатӣ, муовини озоди раиси Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Санавбар Нуриллоеваро аёдат намуданд.
Санаи 12.07.2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳр мулоқоти корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо фаъолзанони шаҳр баргузор гардид.
Санаи 12.07.2023 -и корвони “Модарони ваҳдатсаро” ба қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо сарбозуну афсарон вохӯрӣ доир намуда, аз вазъи буду бош ва хизмати сарбозон дидан намуданд.













