Имрӯз, 24.07.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронии хеш аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар гардида, таъкид намуд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Боздид аз муассисаи таълимии №2-и шаҳраки Чоруқдаррон ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш
- Вохӯрии судманд доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" бо сарбозони дидбонгоҳи сарҳадӣ
- Ҷараёни баргузории озмуни Китобхонаи намунавии шаҳри Гулистон дар соли 2023







Имрӯз, 22.07.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони шаҳраки Адрасмон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захираи дусолаи маводи озуқаворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Санаи 20.07.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №1 ва №14-и маркази шаҳр боздид ба амал овард.
20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфтааст, шинос гардид.













