Муҳтарам кормандони Хадамоти оташнишонӣ!
Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз хадамоти бонуфузи Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, фаъолияти он асосан дар ду самт-омодагӣ барои сӯхторхомӯшкунӣ ва назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор амалӣ карда мешавад.
Соли равон 95-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо қарори Кумитаи Марказии иҷроияи Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ-сотсиалистии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 1928 хадамот дар шакли «Назорати давлатии бехатарӣ» таъсис ёфтааст.
Ҳамагон медонанд, ки дар ҳаёт аз наҷоти ҷони инсон чизи наҷибтаре нест. Дар ҳама давру замон беҳтаринҳо барои сӯхторхомӯшкунӣ интихоб карда мешуданд. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ, ниҳоди сӯхторнишонӣ бисёр марҳилаҳоро паси сар кард, аммо ҳадафҳо ва вазифаҳои хидмат бетағйир монданд - хомӯш кардани оташ ва наҷоти одамон. Мутахассисони ин касб ҳамеша бо далерӣ, ҷасорат, муҳаббат ва садоқат ба кори худ ва омодагии ҳамешагӣ матонат нишон медиҳанд, зеро мубориза бо оташ ҳар рӯз аз онҳо кордониву зиракӣ, тахассуси баланд ва мардонагии шахсиро талаб мекунад.






Дар минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории мавзеъҳои сайёҳӣ, тозаву озода намудани соҳилҳо имрӯз 29 июли соли 2023 аксияи тозагии соҳил ва тозагии маҳал гузаронида шуд.
Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июл Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад.
Санаи 28.07.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, ва қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва "Пешгирии коррупсия кори дастаҷамъист" бо сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор карда шуд.
Имрӯз, 27.07.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023” баргузор гардид.













