26 июли соли 2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз фаъолияти ҶДММ “Маҳина” дидан намуда, бо рафти омодасозии сару либоси мактабӣ шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои таълимии шаҳр ҷиҳати таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либоси мактабӣ бо ҶДММ “Маҳина” шартнома ба имзо расонидаанд ва дар ин асос коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “Маҳина” сару либоси мактабиёнро омода месозад.
Ҷаннатой Абдалиева директори ҶДММ “Маҳина” ба Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки панҷоҳ дарсади сарулибосҳои мактабиён омода гардидаат ва фурӯши онҳо оғоз гардидааст.
Раиси шаҳр сарулибоси мактабӣ ва пойафзолҳоро аз назар гузаронида ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд дод.






Санаи 26.07.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" филиали КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар шаҳри Гулистон бо аҳли кормандон баргузор карда шуд.
Имрӯз, 26.07.2023 дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Гулистон гулгашти замонавӣ ба истифода дода шуд.
Санаи, 24.07.2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ доир гардид.
Имрӯз, 24.07.2023 дар тарабхонаи “Манижа”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” баргузор карда шуд. дар озмуни мазкур ҷамоати шаҳракҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд.













