Санаи 03.08.2023 дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Адрасмон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон доир гардид.
Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров ва мудири филиали КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Беҳрӯз Ҷалолзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, такид дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, даъвати шашум бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ ба нақша гирифта шуда, вохӯрии имрӯзаи мо дар ин замина баргузор гардида истодааст.






Имрӯз, 02.08.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 07-уми июли соли 2023 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2023 баргузор гардид.














