Матни равон

Имрӯз, 20.07.2023  Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаи таълимии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуда, аз вазъи омодагии муассиса дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса таъмири ҷорӣ давом дошта, барои оғози солҳои хониши 2023-2024 омода карда шуда истодааст.

Ҳамчунин, ба масъулини соҳа ҷиҳати омодагиҳои ҳамаҷониба, таъмини либоси мактабӣ, таъмини муҳассилин бо китобҳои дарсӣ ва ҷалб намудани мутахассисони касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Санаи 18.07.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзан бо сарбозони қисми ҳарбии “Навгарзан №06”-и РҚС Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши фарҳанги шаҳр Насим Мамаҷонов ва раиси ҷамоати шаҳраки Навгарзан Зайниддин Ҳамралиев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 - майи соли 2023, №148 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2023» ва қарори Раиси шаҳр аз 07.07.2023, №149 «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Китобхонаи намунавии шаҳри Гулистон дар соли 2023» ҳайати ҳакамони озмун аз ҳамаи филиали китобхонаҳои ҷамоати шаҳракҳо дидан намуда истодаанд.

Санаи 18.07.2023 ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун Насим Мамаҷонов, Фаридуншоҳ Абдуллоев, Бибиомина Мирзоева ва  аз филиали китобхонаи ҷамоати шаҳраки Навгарзан дидан намуда, Гулсуной Исомидинова бо ҳолати китобхона ва фаъолияти он дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 шинос гардиданд.

Муҳтарам кормандони соҳаи маталлургия!

Ба муносибати Рӯзи металлургҳо кулли кормандони соҳа ва собиқадорони соҳаи металлургияро самимона муборакбод гуфта, бароятон тансиҳати, рӯзгори осуда ва дар фаъолитяи меҳнатиатон муваффақиятҳоро таманно менамоям.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи июл ҳамчун Рӯзи металлургҳо ҷашн гирифта мешавад. Интихоби ин рӯз ҳанӯз дар таърихи 28 сентябри соли 1957 дар асоси қарори Прездиуми Совети Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ гардида буд. Ҳукумати Шӯроҳо бо назардошти заҳматҳои шоёни металлургҳо дар замони ҷанг ва барқарорсозии иқтисодиёти мамлакат дар давраи баъдиҷангӣ ба ҳамин хулоса омада буд.

Ин санаи таърихӣ дар тақвими давлатҳои пасошӯравӣ ба монанди Тоҷикистон, Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои навташкил боқӣ монд.

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи металлургҳоро одамони касбу кори гуногун, ки ба риштаи металлургияи сиёҳ ва ранга аз ягон ҷиҳат вобастаанд ҷашн мегиранд. Ҳатто кӯҳканоне, ки ба истихроҷи маъдан машғул мебошанд ин рӯзро ҳамчун иди касбӣ бесаброна интизоранд.

Санаи 14 июли соли 2023 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин  хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин озмунҳо, ин  баланд бардоштани  малакаи кории занону духтарон- хизматчиёни давлатӣ мебошад. Маҳз, ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат нисбати зан –модар аст,  ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон барои занон имкониятҳои хубе фароҳам оварда шуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4200
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12586
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89959
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10160441

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?