Матни равон

Имрӯз, 14.03.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба масъулини баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - интихобот, ки дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор карда шуд изҳори сипос намуда, онҳоро бо сипосномаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ намуд.

 

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки аз 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст ва доир ба самти муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтори маҳаллӣ, ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва намояндаи раёсати Агентӣ, нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсия, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муҳтарам кормандони мақомоти Прокуратураи шаҳр!

Бо камоли эҳтиром Шуморо бо ҷашни касбиатон - Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори осуда ва дар иҷрои рисолати пуршарафатон барору комёбӣ таманно менамоям.

Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Аз ин рӯ, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.

Бори дигар Шуморо бо иди касбиатон муборакбод гуфта, дар фаъолияти меҳнатиатон комёбиҳои назаррасро орзу намуда, итминон дорам, ки минбаъд низ фаъолияти худро ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди устувори давлат ва суботу оромии ҷомеа дучанд менамоед.

Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборак бод!

Имрӯз, 12.03.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо садо додани Суруди миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 35 нафар иштирок доранд. Ба кори иҷлосияи имрўза муовини якум, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.

Имрӯз, 11.03.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аҳли қаламкашони шаҳрро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба ифтихори 113-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуд.

Таъкид карда шуд, ки дар воқеъ матбуот аслиҳаи тавонои тарғибу ташвиқот, воситаи оммавию ҷиддии таъсиррасонӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии омма ба ҳисоб меравад. Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа, иттилоърасонӣ ба мардум ва сарҷамъиву иттиҳод воситаҳои ахбори омма яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, нақши барҷаста дорад.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа васоити ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои муҳими таҷассумгари ҳаёт табдил додааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:6027
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5214
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6028
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:83400
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10153882

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?