2 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории кишвар дар ҳузури мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.






Субҳи имрӯз, 2 марти соли 2025 бо оғоз гардидани маъракаи интихоботӣ сокинони шаҳр фаъолона дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуда истодаанд.
Имрӯз, 28.02.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр мутобиқи нақшаи баргузории вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии номзад аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода санаи 27.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба варзишгоҳои марказии шаҳр ташриф оварда бо вазъи омодабошии он ошно гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода санаи 27.02.2025 бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти “Корхонаи металлургии тоҷик” ба корхонаи мазкур ташриф овард.














