Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ қадами мубораку зиндагисози худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад.

Ба ин муносибат кулли сокинони шаҳри азизамонро сидқан муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори обод, бахту саодат, дастурхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам.

Тавассути Истиқлоли давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои ниёгонамон мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид намуданд, ки: "Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.

Бо мақсади арҷ гузоштан ба либоси миллӣ дар шаҳр аксияи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем!” роҳандозӣ нюгардидааст.

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ин баланд бардоштани ҳисси милливу зебоипарастии духтарон арзёбӣ мегардад.

Чунин аксия бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон доир гардид.

 

19-уми марти соли 2025 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

Аз тарафи прокурори шаҳр муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба моҳияти муроҷиатҳо талаботҳои қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар самти замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва Кодекси оила тавзеҳот дода шуд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон иқдоми наҷибест, ки бо роҳандозӣ намудани он сокинони ҷамоати шаҳракҳои дурдаст муроҷиатҳои худро манзур намуда, доир ба масъалаҳои мавҷуда посухи мушаххас мегиранд.

 

Имрӯз, 19.03.2025 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон тибқи нақшаи кории прокуратураи шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ” ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин бо иштироки сокинони шаҳрак баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Вазирзода Вазир Зокир, муфаттиши калони прокуратруаи шаҳр Шамсулло Раҳматуллозода ва раиси ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.

Вазирзода Вазир Зокир прокурори шаҳр зимни суханронӣ зикр намуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.

Имрӯз, 17.03.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, дар толори КФНЛ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари ҷашни Наврӯз” бо иштироки омӯзгорону ҷавонон ва дигар фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрак баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Ҷуразода Бахтовар мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва фаъолони шаҳраки Чорқдаррон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:6027
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5214
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6028
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:83400
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10153882

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?