Муҳтарам собиқадорон ва кормандони васоити ахбори омма,
Ҳамшаҳриёни азиз!
Басо рамзист, ки ҳамасола дар остонаи фарорасии фасли зебои сол, баҳори нозанин ва муждагонӣ аз Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Соли равон матбуоти тоҷик, ки аз нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» сарчашма мегирад 113 сол пур мешавад.
Дар воқеъ матбуот аслиҳаи тавонои тарғибу ташвиқот, воситаи оммавию ҷиддии таъсиррасонӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии омма ба ҳисоб меравад. Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа, иттилоърасонӣ ба мардум ва сарҷамъиву иттиҳод воситаҳои ахбори омма яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, нақши барҷаста дорад. Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа васоити ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои муҳими таҷассумгари ҳаёт табдил додааст.
Бо такя ба мавқеи боризу арзишманди матбуоти тоҷик дар рушди бонизому таҳкиму тарғиби сулҳу суботи ҷомеа ҳанӯз зимни суханронии ҳикматбори хеш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид аз бузургии нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир ва таъсири муқтадиру муассисри матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки “Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист”.
Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар, устоди аввалини ман”
- Вохӯрӣ доир ба шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишвар "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ва шарҳи як қатор қонунҳо дар шаҳраки Адрасмон
- Қабули сайёри муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби прокуратураи шаҳр дар шаҳраки Адрасмон






Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз, 07.03.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 06.03.2025, дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар–фариштатар зи тамоми фариштаҳост” бо иштироки ҷавонони коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.















