Матни равон

Имрӯз, 05.03.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр тибқи нақшаи Шурои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар, устоди аввалини ман” баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Ҳошимзода Муқаддам директори осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Имрӯз, 05.03.2025 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории прокуратураи шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ” ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин бо иштироки сокинони шарак баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Вазирзода Вазир Зокир, муфаттиши калони прокуратруаи шаҳр Шамсулло Раҳматуллозода ва раиси ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.

Вазирзода Вазир Зокир прокурори шаҳр зимни суханронӣ зикр намуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.

Имрӯз, 5-уми марти соли 2025 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, ки яке аз ҷамоати шаҳраки дурдаст ба ҳисоб меравад бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

Аз тарафи прокурори шаҳр муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба моҳияти муроҷиатҳо талаботҳои қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар самти замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва Кодекси оила тавзеҳот дода шуд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон иқдоми наҷибест, ки бо роҳандозӣ намудани он сокинони ҷамоати шаҳракҳои дурдаст муроҷиатҳои худро манзур намуда, доир ба масъалаҳои мавҷуда посухи мушаххас мегиранд.

 

Имрӯз, 03.03.2025 дар МҒ "Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон" тибқи нақшаи кории бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар шаҳр конфренсия бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар–сарчашма ҳаёт” бо иштироки донишҷӯдухтарони муассиса баргузор гардид.

Дар конфренсияи мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, муовини директори МД "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" Лоиқ Кенҷаев ва муовини директори муассиса Умед Раҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

27 феврал дар тарбхонаи “Форел”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва ғолибони даври аввали озмуни мазкур доир гардид.

Зимни суханронии хеш муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 ва қарори Раиси вилоят аз 24 феврали соли 2025, №57 “Дар бораи ташкил ва баргузории Озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” озмуни мазкур доир гардида истодааст.

Боиси хушнудист, ки кадбонуҳои чирадасти шаҳри Гулистон бо маҳорати омода намудани таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат ва ҳунари баланди дастархонороӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, дар бахши “Омода намудани қурутоб” Матлуба Сатторова, сокини шаҳри Гулистон бо дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.

 

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:6027
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5214
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6028
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:83400
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10153882

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?