Санаи, 21.02.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст и.в. Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода сокинони шаҳрро бо фарорасии 32-юмин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ муборакбод намуд.
Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.






Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.
Санаи, 21.02.2025 дар қисми ҳарбии 07746-и Маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар идоракунии давлатии Тоҷикистон низоми интихобот дар маҳал ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта, раванди он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009, №549, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Имрӯз, 20.02.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили экстремизм ва терроризм бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.














