Имрӯз, 19.02.2025 дар маркази таълимии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба 32-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки сарбозону афсарон баргузор гардид.
Дар кори конференсия Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва Одиназода Амруддин командири қисми ҳарбии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.






Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноати куҳӣ-металлургӣ ва истифодаи мақсадноку оқилонаи захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
Озмуни ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар" як чорабинии муҳимми варзишӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими ғояҳои худшиносиву ватандӯстӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола дар сатҳи вилоят баргузор мегардад. Он ба хонандагон неруву тавон мебахшад ва ҷисму руҳи шогирдонро тақвият ва омодагии онҳоро ба хизмати ҳарбӣ беҳтар мекунад.
Имрӯз, 13.02.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат", доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили экстремизм ва терроризм бо иштироки шунавандагони курс баргузор гардид.
Санаи 08.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз даромадгоҳи шаҳр, ҷамоати шаҳраки Сирдарё оғоз карда, то соҳили “Баҳри тоҷик” аз вазъи бинову иншоотии шафати роҳи асосӣ дидан намуд. Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрро муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои дахдор ҳамроҳӣ намуданд.















