Матни равон

Имрӯз, 30.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 21-уми январи соли 2025 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2025 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, деректори маркази "Тоҷикстандарт" Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.

Санаи 29.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни фаъолияти истеҳсолии фабрикаи заршӯии Ҷамъияти муштараки "Апрелевка" ва ҶСК "Равшан" дар шаҳраки Консой дидан намуд.

Нахуст аз фабрикаи заршӯӣ дидан карда шуд. Муовини директори генералии ҶМТКММ "Апрелевка" Баҳодур Маҷидов иттилоъ дод, ки ба коргоҳ таҷҳизоти ҳозиразамон ворид гардида, дар хатти ишқоронӣ, хатти санг майдакунӣ, сехи нуқра дигаргуниҳо ворид карда мешавад. Дар коргоҳи заргарӣ Илҳом Пӯлотзода бо намунаи корҳои заргарии корхона низ шинос гардид.

Санаи 29.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф дар Ҷамоати шаҳраки Консой шинос гардид.

Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассиса ҳанӯз соли 1973 бунёд карда шудааст. Дар муассиса 937 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ба хонандагон 45 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар муассиса 6 кабинети фаннӣ мавҷуд аст, ки бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар муассиса тахтаҳои электронӣ, проектор ва компютерҳо мавҷуд аст, ки дар раванди таълим аз онҳо васеъ истифода бурда мешавад.

Дар шаҳри Гулистон тадбирҳои марбут ба шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Ин тадбири муҳими экологӣ асосан бо ташкили ҳашарҳои дастҷамъона вусъат ёфта, дар назар аст, ки соли равон дар кӯчаю хиёбонҳо ва мавзеҳои алоҳидаи шаҳр наздики 9 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шавад.

Имрӯз, 29.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо фаъолияти беморхона ва маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Консой аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар беморхона 50 кати хоб мавҷуд аст, аз ҷумла 10 кати бемориҳои даруна, 10 кати ҷарроҳӣ ва кӯдакона, 15 кати бемориҳои сироятӣ ва 5 кати шуъбаи таваллуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:8078
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5214
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8079
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:85451
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10155933

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?