Таърихи 10 январи соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Паём-ҳуҷҷати сарнавиштсоз» бо иштироки Шарифҷони Саидраҳмон, муовини раиси шаҳри Гулистон, Моҳира Раҳимзода, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷамолиён Муслимахон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб, собиқадорон, бонувону ҷавонон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон зимни баромади хеш оид ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ҳифзи оромӣ ва осудагӣ ва дигар паҳлуҳои Паём суханронӣ намуд. Зикр дошт, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд.






9-уми январи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 06 январи соли 2024, №06-6/13тф дар бо иштироки ҳайати таблиғотии вилоятӣ бо ҷалби сокинони шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи халқ ба сӯйи фардои дурахшон” доир гардид.
Имрӯз, 09.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз маркази ташхисию табобатии ба номи Закариёи Розӣ ва маркази саломатии шаҳр дидан намуд.
Имрӯз, 09.01.2025 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг ва сафедор бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд.
Имрӯз, 08.01.2025 и.в Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз варзишгоҳи марказии шаҳр, муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ва кохи варзишии "Истиқлол" дидан намуд.














