Санаи 20 январи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Шаҳри Гулистон аз минтақаҳои сайёҳӣ ва саноатии вилоят ба шумор рафта, ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сирдарё майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад. Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот маълумот дода шуд, ки дар маркази шаҳрак бо ташаббус ва саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёди майдони Парчам ва боғи истироҳативу фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст. Сутунпояи Парчам 30 метр буда, майдон бо фаввораву нишастгоҳҳо, ниҳолҳои ороишиву гулҳои мавсими оро дода мешавад ва тамоми ҳудуди он чароғон мегардад. Масъулин азм доранд корҳои сохтмониро соли равон бо сифати баланд ба итмом расонанд.






Имрӯз, 18.01.2025 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд.
Санаи 16.01.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардида дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат" таҳти унвони “Танзими расму оинҳо-кафолати зиндагии шоиста” бо иштироки шунавандагони курс доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Санаи 15-уми январи соли 2025 бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Пӯлотзода Илҳом Пӯлот, аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати Раёсат, котибот ва рӯзномаи кори ҷаласа ба баррасии он шуруъ карданд.
Санаи 15.01.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сарбозони қисми ҳарбии мазкур доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат хониши сиёсӣ баргузор гардид.














