Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Иди Сада дар миёни ҷашнҳои мардумии мо аз қабили Наврӯзи байналмилал, Меҳргон ва Тиргон  мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баркати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, онҳо ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо месозанд.

Дар толори МД МТИ шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Нақш ва аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар худшиносиву худогоҳии миллӣ ва бедории маънавии ҷавонон” баргузор карда шуд.

Дар дарси мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мудири бахши адабиётшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Исмоил Саидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ яке аз дастовардҳои беназир дар самти илм дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб мераванд. Иқдоми мазкур таҳти сарпарастӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ додани донишҳои хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеъа ва ҳамчунин ҷиҳати ҷалб намудани мардум ба китобхонӣ роҳандозӣ шудааст.

Санаи 27.01.2025 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон тибқи нақшаи шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур корманди шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаров Раҷабалӣ ва раиси ҷамоати Чоруқдаррон Бердиева Наргиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187 ба тасвиб расида, дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 18 ноябри соли 2021, №287 ба тасвиб расидааст.

Имрӯз, 28.01.2025 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар коллеҷи тиббӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат хониши сиёсӣ таҳти унвони "Паём, ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ" баргузор гардид.

Дар хониши сиёсии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва муовини тарбиявии коллеҷи тиббӣ Раҳмонов Умедҷон иштирок ва суханрони намуданд. таъкид карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба тамоми самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвавр ироа гардид, дар воқеъ чун санади раҳнамои миллӣ барои сокинон бахусус ҷавонони кишвар хидмат мекунад.

Имрӯз, 27.01.2025 дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногун баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулситон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:8073
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5214
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8074
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:85446
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10155928

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?