Матни равон

Имрӯз, 06.01.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласаи кории мазкур муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони сохторҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи корӣ таҳти раёсати Илҳом Пулотзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа Илҳом Пулотзода бо масъулини сохторҳои шаҳрӣ, шуъбаву бахшҳо шинос гардид.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо фаъолони шаҳр иброз дошт, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2025 Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод шуда, Пӯлотзода Илҳом Пӯлот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид.

Имрӯз, 03.01.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати шаҳру тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии кишвар  таҳти унвони “Паём-раҳнамо барои фардои дурахшони кишвар” конференся баргузор гардид.

Конференсияи бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори конференсия Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии МД ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Киромиддин Мухторзода  ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид. Тавре ки дар бахши вурудии Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”.

Имрӯз, 31.12.2024 дар қисми ҳарбии 0216-и  дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмон чорабинии  идона бахшида ба Соли нави мелодии 2025 баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Баротзода Сарҳад Барот суханронӣ намуда,  афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва тамоми ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бахшида ба Соли нави мелодӣ шодбош намуд.

Баъд аз фарҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозон дастархони идона ташкил карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:8073
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5214
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8074
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:85446
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10155928

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?