Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон Валиев Доруш дар озмуни вилоятии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иштирок намуда, соҳиби мақоми дуюм гардид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ
- Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат"-ро қадрдонӣ намуд
- КОНФЕРЕНСИЯ: НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҚАБУЛ ВА АМАЛИГАРДОНИИ МУҚАРРАРОТИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Имрӯз 05.11.2024 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 04.11.2024 дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Сарбози ватанро истиқбол мегирем!" дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Маматалиев Суҳроб, Қазакбаев Исмоил ва Эргашев Дилшод, ки қарзи шаҳрвандӣ, хизмат дар сафи Артиши миллиро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруду шодмонӣ истиқбол гирифта шуд.
Санаи 02.11.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.














