Санаи 30.10.2024 дар муассисаи давлатии таълимии гимназияи №1 бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагони фаъоли муассиса миззи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Матлуба Сатторова, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД-и шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, Замира Исматзода мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва директори муассиса Муҳайё Домуллоева иштирок ва суханронӣ намуаданд.
Зикр карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.






Имрӯз 27.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.
Санаи 24.10.2024 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!” баргузор гардид.
Санаи 25.10.2024, дар толори КВД "Экспидитсияи копплекси геологии Қайроққум" бахшида ба 30- юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" таҳти унвони "Конститутсия нишонаи муҳими давлатдорист" тибқи нақша МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Сирдарё вохурӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Санаи 25.10.2024 дар толори бахши фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи МИҲД-и шаҳри Гулистон ва нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфернсияи илмӣ-адабӣ ташкил ва баргузор карда шуд.














