Дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода баргузор гардид.
Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҳайати раёсати кори конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод ва аз ҷониби вакилон қабул гардид.






Имрӯз 06.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон як гурӯҳ занон ва собиқадорони меҳнат ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.
Имрӯз 06.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, ҷавонони шаҳри Гулистон, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.
Омӯзгорони арҷманд!
Имрӯз, 05.10.2024 дар МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар шаҳри Гулистон” озмуни шаҳрии “Беҳтарин посдори забони тоҷикӣ” миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.














