Санаи 25.10.2024 дар кохи "Суғдиён" дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Хушдомани беҳтарин" ва "Фарзанд - боғи падару модар" баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон оилаи Абдураҳмоноваҳо иштирок намуда, соҳиби мақоми сеюм гардиданд.
Абдураҳмонова Саидниссо соҳиби 4 - келину, 1 - домод ,16 - набера мебошанд. Ҳамаи келинҳояшон коркунони соҳаи маориф мебошанд, ба кӯдакон талиму тарбия медиҳанд . Абдураҳмонова Саидниссо дар шаҳри Гулистон аз оилаҳои намунавӣ эътироф гардидааст. Дар ин озмун бо сари баланд бо ҳамроҳи келини дуюуминаш Абдураҳмонова Шаҳноза, ки омӯзгор мебошад иштирок намуда сазовори ҷойи сеюм ва диплом гардид.






Санаи 24.10.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ташриф овард. Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол 25 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорону саховатмандони шаҳраки Адрасмон бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр корбарӣ намуд. Тавре ки қаблан иттилоъ дода шуда буд дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намуда буданд.
Бо мақсади иҷроии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2024, №136 тасдиқ гардидааст санаи 22.10.2024 дар қаҳвахонаи “Марям” дар шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд-боғи падару модар” баргузор карда шуд.















