Бо эҳтиром ва сарфарозиву ифтихор ва шукрона аз тинҷиву осоиштагӣ ва рушду тараққиёти бемисли Ватани азизамон Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии 72-юмин баҳори умри пурбаракататон аз номи сокинони саодатманди шаҳри Гулистон самимона муборакбод менамоем.
Сокинони шаҳри овозадори сайёҳиву саноатии Гулистон шод аз он ҳастанд, ки ба шарофати сиёсати созанда ва заҳмату пайкорҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ тантана дошта, мардуми кишвар шоҳиди рўйдодҳои бузург ва пешрафту дастовардҳои беназири халқу мамлакат мебошанд.







Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи ҳастии миллат ва нишонаи муҳимтарини давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ба мардуми шарафманди шаҳри Гулистонро бо ин ҷашни пурифтихор сидқан таҳният мегӯям.
Санаи 03.02.2024 дар Қисми мустақили 37-уми ХДО оид ба муҳофизати шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати шахсии ниҳоди мазкур семинари омӯзишӣ доир гардид.
Имрўз, 03.10.2024 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар шаҳри Гулистон”, нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид.














