Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 16 октябри соли 2024 дар толори гимназияи №1 маркази шаҳри Гулистон бо ҷалби волидайн мулоқот доир гардид.
Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, корманди шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаров Раҷабалӣ ва мудири бахши занон ва оила Сатторова Матлуба иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ТАНИ ЗИНДА ВОЛО БА ВАРЗАНДАГИСТ!
- Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон–василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!
- Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон–василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!







Дар кӯчаи Дӯстии халқҳои маркази шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1880 метри мураббаъ роҳҳои маҳаллӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда шуд.
Ба ин муносибат, ки ҳамасола санаи 14 октябр дар кишвари азизамон Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад, соҳибкорони ватани азизамон ва хусусан соҳибкорони шаҳри Гулистонро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, саодати рўзгор ва тавфиқу сарбаландӣ таманно менамоям.
Имрӯз, 12.10.2024 тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.














