Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Шуморо самимона ба ифтихори 60-умин солгарди мавлуди муборакатон табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқболи некӯ ва дар фаъолияти эҷодиатон комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Шоистаи ифтихор аст, ки Шумо ҳамчун шоири эъҷозгар ба масири адабиёти оламшумули тоҷик ворид гардида, дар як муддати кутоҳ дар миёни аҳли илму адаби кишвар ва форсизабонони олам мавқеи арзандаи худро касб намудед.
Ихлосмандони шеър ва аҳли илму фарҳанги тоҷик ҳанӯз аз нашри маҷмуаи нахустинатон «Тулӯи хандарез» (1987) ба ашъори Шумо дил бастаанд ва пайваста аз каломи сеҳрангези Шумо лаззати маънавӣ мебаранд.






Санаи 01.11.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" Шамсия Рофиеава, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарёро бо ҳамроҳии омӯзгор ва модараш қадрдонӣ намуд.
Тибқи нақшаи тастиқгардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 31.10.2024 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар қабул ва амалигардонии муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони соҳаои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Санаи 30.10.2024 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр семинар-машварати вилоятии раисони шурои собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор карда шуд.
Санаи 30.10.2024 тибқи нақшаи Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд ҷиҳати иштирок дар семинар-машварати раисони Шурои собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд раисони шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳру ноҳияҳо ба шаҳри гулистон ташриф оварданд. Меҳмононро муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Қосимова Каромат пешвоз гирифтанд.














